Маҷлиси Шӯрои Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
326

Маҷлиси навбатии Шӯрои Иттифоқи Тоҷикматлубот санаи 2-юми апрели соли 2021 дар бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот барпо гардида, «Ҳисоботи  Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию молиявии кооператсияи матлубот дар солҳои 2019-2020 ва вазифаҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа» ба самъи аъзоёни Шӯро расонида шуд. Пас аз муҳокимаи масъала ва хулосаи комиссияи таҳририя, тибқи тартибот масъалаи мазкур тасдиқ карда шуда, ба фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботӣ баҳои «қаноатбахш» дода шуд. Маҷлиси Шӯро аз рӯи дигар масъалаҳои оинномавӣ қарорҳои дахлдор қабул намуда, инчунин, дар ҳайати аъзоёни Шӯро, номзадҳо ба аъзогии Шӯро, аъзоёни Комиссияи тафтишоти Иттифоқи Тоҷикматлубот ва номзадҳо ба аъзогии Комиссияи тафтишот тағйирот ворид намуда, қарорҳои дахлдор  қабул намуд.