16-ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
402

Дар Иттифоқи Тоҷикматлубот рӯзи 16-ноябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси коркунони дастгоҳи идоравӣ доир гардид.    

Муовини раиси Раёсат Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ дар оғоз қайд намуд, ки “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 апрели соли 2016 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ намуда, онро маъқул шуморид. Баъди он  14 майи соли 2016, таҳти № 1320 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шуд ва дар ин асос ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад”.

Сипас, маърӯзаи табрикотии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр ба диққати ҳозирин қироат гардид.

Баромадҳои кормандон масъалаҳои мақоми Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки баҳри сулҳу истиқрор, ваҳдати миллӣ, рушди босубот ва зиндагии осоиштаи мардуми Ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, дар бар гирифтанд.