ТАШРИФИ РАИСИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ ТОҶИКМАТЛУБОТ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

0
16

Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳусайн Сафаралиевич аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо заминаи моддию таълимӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, ошхонаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, толори маҷлисгоҳ ва раванди ободкориҳо дар саҳни донишгоҳ шинос гардид.Зимни боздид Ҳусайн Идиев ба аъзои раёсати донишгоҳ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии донишгоҳ, ҷалби донишҷӯён барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани технологияҳои муосир ва дигар масоили рушди донишгоҳ маслиҳату тавсияҳои судманд иброз намуд.Дар анҷоми суҳбат ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода ба раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷиҳати дастгирии доимии ташаббусҳои донишгоҳ миннатдории самимӣ намуда, қайд кард, ки саҳми Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчун муассис дар рушди донишгоҳ хеле назаррас аст.