Таъмири асосӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
329

Дар моҳҳои март-июни соли ҷорӣ дар қисми дарунии бинои маъмурии Иттфоқи Тоҷикматлубот таъмири асосии (капиталӣ) утоқҳои корӣ гузаронида шуд. Дару тиреза, мизу курсӣ, ҷевонҳо, шкафу тумбочкаҳо, таҷҳизот, системаи гармидиҳӣ (отопления), ноқилхои интернет, телефон камераҳои мушоҳидавӣ дигар асбобу анҷом пурра иваз карда шуда, ба кормандон шароити беҳтарини корӣ муҳайё карда шуд.     

   Боми бино ва анҷомхонаи ошхонаи тобистона ҳам таъмир гардида, корҳои таъмирӣ дар зинапояҳо – аз ошёнаи якум то шашум идома дорад. Рӯзҳои наздик таъмири асосӣ дар ошёнаҳои панҷум ва шашум оғоз меёбад. Болои даромадгоҳи асосӣ, ки то имрӯз кушода меистод,  пӯшонида шуда, деворҳои берунаи он таъмир карда мешавад.    

Бояд қайд намуд, ки аз давраи баистифодадиҳии бинои Иттифоқи Тоҷикматлубот (солҳои ҳаштодуми асри гузашта), маротибаи аввал аст, ки қисми дохилии бино аз таъмири асосӣ гузаронида мешавад.