Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон се нафарро аз зери тарма бароварданд

0
1





Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон се нафарро аз зери тарма бароварданд

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти  шадид панҷ ҳодисаи лағзиши тарма ва ду ҳодисаи резиши санг сабт шуда, дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ набуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чунончӣ, 17 феврал дар километри 550-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Химбихсени Ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегузарад, лағзиши тарма сабт шуд.

18 феврал дар километри 31-32 шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири Ҷамоати деҳоти ба номи А.Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, ду ҳодисаи лағзиши тарма сабт шудааст.  Инчунин бар асари бориши тӯлонӣ дар километри 24-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаҳои Пиш ва Нишӯсп мегузарад, резиши санг сабт гардид.

Ҳамзамон 19 феврал дар километри 356-уми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ резиши санг сабаби баста шудани роҳ гардид. Бо кумаки техникаи Вазорати нақлиёти мамлакат роҳ ба зудӣ тоза шуда, мошинҳо ба ҳаракат даромаданд.

19 феврал ҳамчунин дар  километри 674-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма, ки аз ҳудуди деҳаи Вери ноҳияи Шуғнон мегузарад ва дар километрҳои 26-27-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма лағзиши тарма сабт шуд. Дар айни замон роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб баста шуда, корҳои тозакунии роҳ аз барфтӯда идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 17 ба 18 феврал дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз тариқи ноҳияи Айнӣ мегузарад, мошини сабукрав, ки ба самти Хуҷанд ҳаракат менамуд, зери тарма монд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронанда ва мусофиронро аз мошини зери барфмонда берун оварданд. Наҷотёфтагон ба макони амн ва хонаи гарм интиқол дода шуда, ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.

Кумита бори дигар ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ намоянд.

Тавре қаблан хабар додем, бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии мамлакат  ҳавои номусоиду сард дар қаламрави Тоҷикистон то 21 феврал идома меёбад.

АКС аз бойгонӣ



Source link