Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

0
80

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак  қайд карда,  аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро бахусус таъкид карданд.

Дар чорчуби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Источник: president.tj