Фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Зеби дастархон”

0
1165

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, № АП-318  рӯзи 12 августи соли 2023 зери сарпарастии Иттифоқи Тоҷикматлубот бо иштироки кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Зеби дастархон” баргузор гардид.  Ҳунармандони чирадаст аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳунари волои худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳайати ҳакамон ба маҳорати пухтупази ошпазону нонпазҳоро  муайян намуда, дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳамаи иштирокчиёни даври сеюми фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Зеби дастархон” бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии  Иттифоқи Тоҷикматлубот қадрдонӣ карда шуданд.