Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа

0
33

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” боздид намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти электронӣ дар бунёди зеристгоҳи 110-киловолтаи Неругоҳи барқи обии “Себзор”, бо ҷалби мутахассисони ширкатҳои ватанӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мадад” ва “Тоҷикгидроэлектромонтаж” маҷрои дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа баста ва об аз тариқи канали муваққатии обгузар сар дода шуд.

Баъди дигар кардани маҷрои дарё корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии неругоҳ оғоз ёфт.

Сарбандии асосии неругоҳ бо дарозии 60 метр ва баландии 8 метр сохта шуда, ғунҷоиши оби он 5 миллион кубро ташкил хоҳад дод.

Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура аз шаҳри Душанбе дастрас мегардад.

Коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикгидроэлектромонтаж” баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли бетон ташкил кардаанд. Дар маҳалли сохтмон бунёди коргоҳи истеҳсоли қуму шағал дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди неругоҳ дар ин мавзеъ беасос нест, зеро суръати ҳаракати об дар ин ҷо нисбатан тез буда, он дар фасли зимистон ях намебандад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.

Татбиқи Лоиҳаи бунёди неругоҳ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, он аз се агрегат иборат мебошад.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мВт бунёд мегардад ва дар маҷмуъ, дар давраи сохтмони ин иншоот то 300 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Неругоҳи “Себзор” дар доираи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати Олмон ва Ширкати барқии “Помирэнерҷӣ” бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Сохтмони неругоҳ ба рушди минбаъдаи саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Дар доираи Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар дарёи Шоҳдара 17 хоҷагии шахсӣ ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуда, пурра бо манзили зист таъмин гардиданд.

Бунёди бинои маъмурӣ барои сохтмончиён ва роҳҳои муваққатӣ дар назди иншоот бо ҷалби зиёда аз 60 бинокори маҳаллӣ сурат гирифт.

Дар баробари ин, барои тезондани корҳо оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Шоҳдара, ки барои сохтмони неругоҳи “Себзор” хеле муҳим мебошад, ҷиҳати бунёди бинои муосири мактаби маҳаллӣ низ барои 400 хонанда тадбирҳо андешида мешаванд. Дар баробари бунёди неругоҳ дар ин ҷо аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа 4 километр роҳ асфалтпӯш гардида, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва дар муҳлати муайяншуда вазифадор намуданд.

Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, он дар рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Источник: president.tj