Барқияи табрикӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

0
39

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияи табрикӣ ворид гардид:

«Муҳтарам Президент, Бародари азизам,

Муждаи баҳор — иди Наврӯз анъанаю бойигарии муштараки ҷуғрофияи васеъ, аз Осиёи Марказӣ то Балканҳо мебошад. Бо мақсади нигохдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани ин урфу одати муштаракамон, ҳамасола дар чор гӯшаи ҷаҳон ҷашн гирифта шудани Наврӯз инъикосгари муҳими дӯстиву бародариамон гардидааст.

Наврӯз, ки ифодаи бедоршавию зиндашавӣ табиат мебошад, натанҳо достони омадани баҳор, балки ҳамчунин эҳёву иқдомоти навин аст.

Ҳамдилию ҳамрайъии Шумо бо Туркия, ки дар робита бо заминларзаи 6 феврали 2023 зоҳир намудед, дар баробари боз ҳам наздиктар гардонидани кишварҳои мо, ҳамзамон як имкони дигареро барои мушоҳидаи ҳамеша зинда будани руҳияи Наврӯзро дар байни мардумонамон фароҳам овард.

Бо василаи иди Наврӯз, ки яке аз зеботарин нишонаҳои вахдату ҳамбастагии тамаддунҳои чанд ҳазорсолаи мост, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандиро таманно менамоям».

Источник: president.tj