Вакилони гурҷӣ бо кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон мулоқот намуданд

0
1





Вакилони гурҷӣ бо кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо ҳайати Парлумони Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду мамлакатро бо тамаркуз ба заминаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳошияи шиносоӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ маърузаи вакилони гурҷӣ ба кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Source link