Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад

0
1





Чемпионати  33-юми   Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  моҳи апрел оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 6 апрел оғоз мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли ду соли охир дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал 12 даста дар ду давр бозӣ менамоянд. Баъдан дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Умуман ҳар даста дар як мавсим 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Тоҷикистон болотарин сатҳи футболи бошгоҳӣ дар Тоҷикистон аст. Солҳои гузашта дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, Ска-«Помир»-и шаҳри Душанбе, «Вахш»-и Қурғонтеппа, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Динамо»-и шаҳри Душанбе, «Ситора»-и шаҳри Душанбе ва «Варзоб»-и шаҳри Душанбе аз ҷумлаи чемпионҳои ин мусобиқот буданд.

Ҳоло дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 12 маротиба чемпионӣ пурифтихортарин тими Лигаи олӣ маҳсуб мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон



Source link