Табрикоти Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
948

Дар Иттифоқи Тоҷикматлубот рӯзи 7-уми сентябри соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳайати коркунони дастгоҳи идоравии Раёсат ва дар шахси онҳо тамоми кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳуриро ба муносибати ин неъмати бузург самимона табрик ва муборакбод намуда, дар маърӯзаи пурмуҳтавои худ, хусусан, оид ба ҷоннисориҳо ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати соҳибистиқлол маълумотҳои муътамад доданд.

Дар маҷлис, инчунин, кормандони дастгоҳи идоравӣ баромад намуда, оид ба рушду нумуи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.

Раиси Раёсат муҳтарам Идиев Ҳ.С. итминони комил намуданд, ки кормандони кооператсияи матлубот минбаъд ҳам бо меҳнати садоқатмандонаи худ баҳри ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Табрикоти Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон