Ба муносибати Иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуд.

0
1058

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҷойҳои муайншуда – таваққуфгоҳи назди Бозори “Меҳргон”, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода 36 ва Мирзо Турсунзода, таваққуфгоҳи назди КВД “Бозори Саховат” ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.