Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорону фаъолзанони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тақдим гардид

0
1





Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорону фаъолзанони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 март бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар собиқадорону фаъолзанони мамлакат қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат Бунафша Файзиддинзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ва собиқадорону занони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми занон-модарони собиқадореро, ки дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоштаанд,  табрик гуфта, иброз дошт, ки бо шарофат ва ҳидояти Сарвари давлат нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми баланду муқаддас қарор дорад ва ин манзалат сол аз сол арзиши хешро собит менамояд.

Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорону фаъолзанони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тақдим гардидТуҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорону фаъолзанони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тақдим гардид
Бамаврид аст аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шавем, ки гуфтаанд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми занон-модарон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар инсон аст».

Дар ҳошияи ин суханони арзишманди Пешвои миллат месазад таъкид намоем, ки саҳми занон дар пешрафти хоҷагии халқи мамлакат, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ ва тарбияи маънавии насли имрӯз хеле калон аст. Бесабаб нест, ки занонро хуршеди зиндагӣ, чароғи хонадон ва шоҳсутуни давлат унвон намудаанд.

Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадорону фаъолзанони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тақдим гардидТазаккур дода шуд, ки Пешвои миллат  дар ҳама ҳолат такя ба неруи модарону занон доранд.

Иброз гардид, ки ҳамасола дар доираи иқдоми хайрхоҳона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони касбу кори гуногун, махсусан занони собиқадор, ки дар рушду нумуи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Имсол низ дар доираи ин иқдом тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ба як зумра занони   собиқадор, ки дар рушду нумуи мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, 5000 (панҷ ҳазор сомонӣ) аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамзамон аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 3000 сомонӣ тақдим мегардад.

Дар зимн муовини Сарвазири Тоҷикистон аз номи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи идонаи Пешвои миллатро ба  собиқадорон  тақдим намуд.

Дар баробари ин намояндагони Ҳукумати мамлакат ба хонаҳои собиқадорон, аз ҷумла  Низорамоҳ Зарипова, Рафиқа Мусоева,  Муҳиба Ёқубова ва Адолат Раҳмонова рафта, кумакҳои моддиву пулӣ расониданд.

Дар робита ба ин собиқадорон иброз намуданд, ки  минбаъд низ чун қишри фаъоли ҷомеа ва маслиҳатчиёни ҷавонон дар иҷрои ташаббусҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати худро анҷом медиҳанд.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»



Source link