Тақдими туҳфаҳо ба ятимони ноҳияи Шуғнон

0
87

28 сентябр дар ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сару либоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Ҳамчунин ба ҳар як кӯдак китоби “Пешвои миллат” тақдим гардид. Тавре аз мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба ин кӯдакони ятим сару либоси зимистона ҳам тақдим шуда буд.

Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятими кулл ва 18 каси дигар кӯдакони маъюбиятдошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кӯдакон ва волидайну хешу ақрабояшон, тибқи одати башардӯстонаашон, онҳоро дилбардорӣ карданд ва иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузорад ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳад буд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат Шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиби худро гузоред”, таъкид карданд Пешвои миллат.

Кӯдакону наврасони ятим ва волидайни онҳо дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Махсусан таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат умеди онҳоро ба ояндаи хубу босаодат қавитар гардонидааст.

Ҳамин буд, ки ҳангоми мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар зиндагии минбаъдаи худ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ хоҳанд кард ва ҳастии худро ба рушду инкишофи Тоҷикистони азиз хоҳанд бахшид.

Источник: president.tj