Суханронӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

0
22

Ҳамкорони муҳтарам,
Дӯстони азиз,

Имрӯз маротибаи панҷум аст, ки мо дар чунин чорчуба мулоқот менамоем.

Давраи сипаришуда барои кишварҳо ва мардумони мо марҳилаи рушди босуръати савдои мутақобила, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии нақлиётӣ гардид.

Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю кӯшишҳои муштараки мо пайгирона ва босубот ба қаламрави ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад.

Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин талошҳо баҳравар мегарданд.

Заминаи Вохӯриҳои машваратии моро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, ҳамчунин ҳалли ҳамоҳанг шудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.

Ҳатто пандемияи Ковид-19 натавонист муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро боздорад.

Баръакс, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷаҳон шоҳиди намунаҳои олии ҳамраъйӣ ва кумаки мутақобилаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид.

Давоми панҷ соли гузашта давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба ҳифзи сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шуда буданд.

Ҳамаи ин гувоҳи баргаштнопазирии раванди табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон мебошанд.

Итминон дорам, ки Вохӯрии машваратии ҷашнии имрӯза боз як тасдиқи дигари иродаи устувори сиёсии мо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати мардумони бародари мо хоҳад буд.

Чуноне шумо медонед, Тоҷикистон ташаббускори дар остона ва дар доираи Вохурии машваратӣ баргузор намудани як силсила чорабиниҳои рӯзмарра бо дастгирии кишварҳои минтақа гардид.

Ёдовар шудан кофист, ки дар рафти омодагӣ ба ин Вохӯрӣ қариб 50 чорабинӣ – шурӯъ аз сатҳи мутахассисон то роҳбарони вазорату идораҳо доир гардид.

Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо барқарории фазои сифатан нави эътимод, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Мо аз дастгирии ин талошҳоямон аз Шумо самимона миннатдорем.

Ҳамкасбони муҳтарам,

Осиёи Марказӣ имрӯз ба яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир ва пайвандҳои беназири ҷуғрофӣ табдил меёбад.

Тасодуфӣ нест, ки сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар чаҳорчӯби ин созмони фароминтақавӣ солҳо боз он амрро таъкид менамоянд, ки “Осиёи Марказӣ меҳвари СҲШ мебошад”.

Имрӯз мо, роҳбарони минтақа дар Изҳороти муштараке, ки дар фарҷоми ҳамоиш қабул хоҳад шуд, мавқеи усулии худро дар мавриди боқӣ мондани СММ ҳамчун созмони универсалии глобалӣ, бори дигар таъйид менамоем.

СММ бо қонунияти ба таври умум эътирофшудаи худ дар ҳифзи сулҳу амнияти Сайёра нақши марказӣ мебозад.

Солҳои охир мо таваҷҷуҳи зиёди қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем.

Беш аз даҳ қолаб, ки дар чорчуби «Осиёи Марказӣ-плюс» таъсис ёфтаанд ин воқеиятро тасдиқ мекунанд.

  Дар чунин шароит барои мо муҳим аст, ки ягонагии Осиёи Марказиро нишон диҳем ва дар роҳи ҳамгироии дохилиминтақаӣ иқдомҳои бештар фаъол бигирем.

Ба нафъи мо хоҳад буд, ки иқтидори умумиминтақавии худамонро ба таври комил дар ҳама ҷанбаҳо ошкор созем ва «плюс»-ро дар ҳама заминаҳои ҳамкорӣ ба тарҳҳои мушаххас табдил диҳем.

Дар робита ба ин мо зарур мешуморем, ки ба ҳукуматҳои кишварҳоямон супориш диҳем, то мутобиқ ба мушаххасоти минтақавӣ ва кишварӣ оид ба рушди муштараки Осиёи Марказӣ пешниҳодҳои мушаххас таҳия намоянд ва онҳоро дар доираи механизмҳои мавҷуда ба шарикони хориҷиамон пешниҳод намоянд.

Ҳамкасбони гиромӣ,

Бо дарназардошти буҳрони низоми амнияти байналмилалӣ ва афзоиши эҳтимоли сар задани муноқишаҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини суботи минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд.

Таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ коҳиш намеёбад.

Вазъ дар Афғонистон боиси нигаронии хоси мо гардидааст.

Дар ин кишвари ҳамсоя буҳрони башарӣ рӯз ба рӯз шиддат меёбад.

Дарду азоби мардуми бародари Афғонистон ба мо наздик ва қобили дарк аст.

Тоҷикистон минбаъд низ имкониятҳои инфрасохтории наздисарҳадӣ ва логистикии худро барои расонидани кумакҳои ҳадафманд ба мардуми Афғонистон вогузор хоҳад кард.

Созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон тавассути шаш пул дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона мерасонанд.

  Ҳадафи мо фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ барои ба эътидол овардани вазъи башарӣ дар ин кишвар аст.

Дар баробари ин мо афзоиши фаъолнокии гурӯҳҳои гуногуни террористиро дар Афғонистон мушоҳида менамоем.

Солҳои охир мо ба кӯшишҳои рахна кардани сарҳад ва убури ғайриқонунии он аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни террористӣ рӯ ба рӯ гардидаем.

Чанде пеш мо аз ду кӯшиши рахна намудани сарҳад аз ҷониби ҷангҷӯёни «Ансор-уллоҳ» пешгирӣ намудем.

Ҳадафи онҳо анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон буд.

Ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Рақамҳо далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Танҳо мақомоти босалоҳияти кишвари мо соли гузашта дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ (5) тонна маводи мухаддирро мусодира намудаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба соли ду ҳазору бистуяк (2021) бистуду (22%) фоиз зиёд аст.

Дар чунин шароит моро лозим аст, то якҷо ва дар ҳамдастӣ амал намоем.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили амнияту субот шарти муҳимтарини татбиқи бомуваффақияти нақшаву иқдомҳои созандаи мо мебошад.

Ҳамкасбони муҳтарам,

Сатҳи баланди ҳамкории сиёсиамон, ки ноил гардидаем, барои густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ имконияти фаровон фароҳам меоварад.

Дар пасманзари бесуботии тӯлонӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ бар асари оқибатҳои пандемия ва як қатор омилҳои дигар ба ҳар ҳол дар минтақаи мо тамоюли мусбат ба назар мерасад.

Омори гардиши мутақобилаи мол миёни кишварҳоямон ин хулосаро тасдик менамояд.

Дар мисоли Тоҷикистон тиҷорати мо бо кишварҳои минтақа якуним-ду баробар афзуда аст ва ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии муомилоти молии кишвари мо аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта тақрибан сӣ (28,2) фоизро ташкил дод.

Моро лозим аст, ки бахшҳои нави рушди муштаракро муайян сохта, барои таъмини пешрафти стратегӣ дар самти иқтисодӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем.

Итминон дорем, ки иқтисодиёти давлатҳои минтақа бояд ҳамдигарро пурра гардонанд.

Мо пешниҳод менамоем, ки дар доираи минтақа барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ба таври фаъол ҷорӣ намудани технологияҳои нав таҳия шаванд.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки тарҳҳои калонҳаҷми нақлиётӣ-инфрасохториро мавриди татбиқ қарор диҳем.

Тоҷикистон барои рушди ин соҳа ва табдили кишвар ба минтақаи мусоиди транзитӣ тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Бо ин мақсад мо долонҳои афзалиятнок ва дорои аҳамияти байналмилалии тиҷоратӣ ва транзитиро муқаррар намудем, ки аз қаламрави мо аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб мегузаранд.

Барои ба даст овардани самараи ҳадди аксар аз рушди ҳамлу нақли байналмилалии бор мо пешниҳод менамоем, ки консепсияи ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шавад.

Имзои Созишномаи таърихии панҷҷониба оид ба пайванди мутақобилаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз аз натиҷаи Вохурии машваратӣ сурат мегирад, ба ҳалли ин масъала аз бисёр ҷиҳат мусоидат хоҳад кард.

Тағйирёбии иқлим, ки солҳои охир махсусан шиддат мегирад, моро водор менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт аз иқдомҳои фаъол кор бигирем.

Оқибатҳои ин падидаҳо метавонанд бебозгашт гарданд ва зарари ҷуброннашаванда расонанд.

Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ ҳадаф дорад, то минбаъд истеҳсоли энергияи “сабз”-ро рушди диҳад ва омода аст, дар ин замина ба ҳамкории фаъоли худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома диҳад.

Ҳамкасбони гиромӣ,

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.

Мо набояд бо ин иктифо намоем.

Аз гузаштаи умумиамон ба таври ҳаққонӣ фахр мекунем.

Ҳамагон хуб медонанд, ки қаламрави башарии Осиёи Марказӣ бузургтарин арбобони илму фарҳанг, адабиёту санъатро ба олам овардааст, ки саҳми онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ воқеан бебаҳо аст.

Минтақаи мо яке аз марказҳои эътирофшудаи паҳншавии тамаддунҳо, динҳо ва фарҳангҳои бузург аст, ки асосан чеҳраи маънавии ҷаҳони имрӯзаро муайян менамоянд.

Мо вазифаи умумиамонро дар муносибати эҳтиёткорона ба ҳифзи асолат ва беназир будани мероси маънавии халқҳоямон мебинем.

Дар хусуси мушкилиҳое, ки аз таърих боқӣ мондаанд, мо зарур аст, то онҳоро мустақилона, бе дахолати берунӣ ҳал намоем.

Солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем.

Фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст.

Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Бо ин ҳадафҳо мо пешниҳод менамоем, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Дар қаламрави минтақаи мо зиёда аз нисфи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад.

Ҷавонони Осиёи Марказӣ бояд муқовимат ба падидаҳои номатлубро омӯзанд ва дар эҷоди фазои амнтару одилонаи умумиминтақавӣ саҳм бигиранд.

Дар ин замина мо имрӯз аз ба имзои Созишномаи панҷҷониба оид ба муносибати умумӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни кишварҳоямон истиқбол менамоем.

Дӯстони азиз,

Имрӯз раёсати Тоҷикистон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба поён мерасад.

Дар ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии имрӯзаамон мо кӯшиш ба харҷ додем, то корро бар асоси анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибати боэҳтиром ба назароти ҳар давлат ба роҳ монем.

Ҳамаи чорабиниҳое, ки дар арафаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ барпо гардиданд, омодагии умумии моро барои сулҳу амният, ҳамкории баробарҳуқуқ, рушд ва шукуфоии муштарак дар минтақа ба намоиш гузоштанд.

Бо истифода аз фурсат, ҳамкасбони муҳтарам, мехоҳам самимона ва аз таҳти дил ба шумо барои дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон изҳори ташаккур намоям.

Албатта, мо пешниҳодро дар бораи дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор намудани Вохӯрии навбатии шашуми машваратӣ ҷонибдорӣ менамоем.

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

 

 

Источник: president.tj