Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

0
1





Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

ДУШАНБЕ, 28.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Раҳмоналӣ Сафарализода таъйин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед Сафар — муовини Вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон — муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар — муовини Вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини Вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ ва Абдусаттор Шоҳиён — Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Шамсиддин Маъруф — Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон — муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони якчанд раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои соҳибтахассуси ботаҷриба ва ҷавону корозмуда таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар равандҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншуда ва ҳамаи ҳомиёни оромиву осоиши Тоҷикистони азизро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳушёрию далерӣ ва фидокорӣ дар вуҷуди муҳофизони Ватан, баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар маҷмуъ ба таҳкиму тақвияти қудрати мудофиавии мамлакат даъват намуданд.

Бо ишора ба пешрафти бесобиқаи техникаю технологияҳои ҳарбию иктишофии муосир бори дигар таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва бахусус ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ низ бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ баробари забони модарӣ ва аз худ намудани техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ 28.02.2024


Февраль 28, 2024 13:35



Source link