Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.

0
928

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
21 феврали соли 2022
№347

 

 

 

САИДЗОДА Раҳим Ҳамро

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ. аз 21 феврали соли 2022 дар вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд 7 июни соли 1969      Ҷойи таваллуд ноҳияи Ҳамадонӣ

Миллат тоҷик                                      Таҳсилот олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос  муҳандис-механик

Унвони илмӣ доктори илмҳои техникӣ (2018),  и.в.профессор (2018)

Кадом забонҳои  хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ соли 1999

Мукофоти соҳавӣ: Аълочии маориф Тоҷикистон соли 2010

Вазъи оилавӣ  оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1986-1993-

Донишҷӯйи Институти политехникии Тоҷикистон  (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ)

Солҳои 1987-1989-

Хизмат дар сафи Қувваҳои муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ

Солҳои 1995-1997-

Ассистенти кафедраи  “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 1997-1999-

Муаллими калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 2003-2003-

Сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 2003-2005-

Мудири  кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 2004-2005-

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 2005-2009-

Директори Колеҷи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ

Солҳои 2009-2010-  

Сардори раёсати атестатсия, акредитатсия  ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010- 2011-

Муовини сардори Хадамоти давлатии  назорат  дар соҳаи маорифи  Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011- 2015-

Сардори Хадамоти давлатии  назорат  дар соҳаи маорифи  Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015- 2017-

Сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  Вазорати  маорифи  ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2017-2019-

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Солҳои 2019-2020-

Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар ш. Душанбе

 

Источник: president.tj