Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.

0
882

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Вазири энергетика ва
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъа Д.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Ҷумъа Далер Шофақир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 ноябри соли 2020
№43

 

 

Ҷумъа Далер Шофақир

 

аз 03 ноябри соли 2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   соли 1973   Ҷои таваллуд  шаҳри Хоруғ

Миллат  тоҷик                       Таҳсилот      олӣ

Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (рӯзона), соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона), соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА , соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро хатм кардааст.

Ихтисос муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодчӣ – муҳосибӣ, идоракунии бизнес лоиҳаҳо, идоракунии бизнеси байналмилалӣ.

Унвони илмӣ     надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ ва англисӣ

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм ва чорум дар солҳои 2005-2010 ва 2010-2015

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   соли 2019  медали хизмати шоиста

Вазъи оилавӣ      оиладор, соҳиби чор фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1995-1997

Муҳандиси Институти илмӣ – тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»

Солҳои 1997-2002

Сардори Раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2003

Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария

Солҳои 2003–2004

Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2004–2005   

 

Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA;

05.2006 – 08.2006  

Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА;

Солҳои 2006–2007   

 

Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон;

Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

Солҳои 2007-2020

 

Директори генералии ҶСШК «Помирэнерҷӣ», роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон

аз ноябри соли  2020 то имрӯз

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

                                  

 

 

   

 

Источник: president.tj