Ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод

0
31

21 октябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ба истифода доданд.

Сарвари давлат бо шароити бинои нав аз наздик ошно гардида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, сохтмони он бо назардошти афзоишёбии аҳолии деҳа ва номусоид будани вазъи бинои қаблии мактаб анҷом дода шуд. Дар бинои нав 11 синфхонаи барҳавою замонавӣ сохта шуда, он барои 480 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 4 кабинети фаннӣ ташкил ёфтааст, ки дар онҳо бо назардошти талаботи замони муосир бо истифода аз тамоми аёниятҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои химия, физика ва биология ба роҳ монда шудааст. Барои баланд бардоштани донишҳои техникии толибилмон ва омӯзонидани нозукиҳои кор бо технологияи муосир, дар таълимгоҳ синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бунёд ёфта, он бо хатти баландсуръати интернет таъмин мебошад. Ҳамчунин дар дигар синфхонаҳо низ бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ба хонандагон дарс омӯзонида мешавад, ки чунин шароити замонавӣ ба баланд гардидани сифати таълиму хубтар фаҳмонидани мавзӯъҳои дарсӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар дохили бинои нав синфхонаи алоҳидаи “Инкишофи кӯдак” ташкил гардидааст, ки дар он 30 нафар таълим дода мешавад. Дар ин синфхона барои омодакунии кӯдакон ба машғулиятҳои таълимӣ ва баланд бардоштани саводи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин бинои нав дорои роҳравҳои барҳавою зебо буда, таъмини гармӣ дар дохили иншоот бо истифода аз буғхонаи алоҳида амалӣ карда мешавад. Иншооти мазкур ҳамчунин бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин гардидааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарону писарон, хонандагон метавонанд маҳорати кандакорӣ, дуредгарӣ, қаннодӣ, ҳунари пухту паз ва дӯзандагиро аз бар намоянд. Ҳамзамон дар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 утоқҳои кории роҳбарияти таълимгоҳу дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошад.

Сохтмони бинои иловагии муассисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд соли 2022 оғоз ёфта, он дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд бунёд ёфт. Иншоот дар масоҳати 0,50 садяк замин бунёд гардида, гирду атрофи таълимгоҳ бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст, ҳамчунин саҳни он ба пуррагӣ сафолакпӯш карда шудааст.

Ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар назди муассиса майдончаҳои замонавии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконияту шароити фароҳамовардашуда дар бинои нав баҳои баланд дода, хонандагонро вазифадор намуданд, ки ин имконотро ба хотири омӯзиши фанҳои гуногун, азбаркунии илмҳои замонавию омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамаҷонибаву самаранок истифода баранд.

 

 

Источник: president.tj