Зиндон ислоҳ накард: марди қаблан судшуда 6 – сар чорвои сокини Ҳамадониро рабуд

0
101

Зиндон ислоҳ накард: марди қаблан судшуда 6 - сар чорвои сокини Ҳамадониро рабуд

Марди 32 – сола, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардидаст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо аризаи шикоятӣ марди 32-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи хоҷагии сокини Ҳамадонӣ, 6 – сар чорвои калони шохдорро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба исрори сокини Ҳамадонӣ, зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com