Зимни амалиёти навбатии «Корд» дар Душанбе 10 адад корд дарёфту мусодира гардид

0
145

Зимни амалиёти навбатии «Корд» дар Душанбе 10 адад корд дарёфту мусодира гардид

 ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/Давоми  ҳафтаи гузашта  кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  зимни амалиёти «Корд» 10 нафарро боздошт намуданд, ки онҳо  бо худ силоҳи сард мегардониданд. Аз номбурдагон  10 адад корд дарёфту мусодира карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон сокинони шаҳри Душанбе — Аброр Хоҷаеви 32-сола (пеш бо моддаи 200, кисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст),  Шоҳин Сатторови 25-сола,  Акрамҷон Қодирови 25-сола  (пеш бо моддаи 244 ва 237 КҶ ҶТ суд шудааст), Амирҷон Нуриддинови   24-сола, Ҳамза Соҳибзодаи 23-сола, Қосим Мамадқулови 25–сола,  Алиҷон Умарови  16-сола,   Додулло Ҳикматов, инчунин   сокинони  ноҳияи Ашт ва  Б. Ғафурови  вилояти Суғд Эраҷ Мирзоахмедови 23-сола ва  Холид Раҳимови 22-сола мебошанд.

«Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ин  нафарон, ки зимни амалиёти мазкур  боздошт ва аз онҳо  силоҳи сард, аз ҷумла корду қайчӣ дарёфту мусодира карда шуд, тадбирҳои гуногуни таъсиррасонии қонунӣ андешида шуданд.  Аз ҷумла,  нисбат ба  ду нафар ҳабси маъмурӣ ва волидайни як нафар ноболиғ  санади  маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуд.  Нисбат ба  7 нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ  таъйин гардиданд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  дар семоҳаи охири соли  2019 бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила амалиёти шартӣ бо номи «Корд» роҳандозӣ гардид, ки дар натиҷа пеши роҳи содиршавии як зумра ҷиноятҳо  гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки дар робита ба баргузории амалиёти мазкур Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сокинони шаҳр  чунин муроҷиат намуд: «Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд. Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.

Муҳтарам падарону модарон!

Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд. Аз ин рӯ, пайваста  фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира   дӯстӣ доштани  онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд».

Мавриди зикр аст, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа бо он мубориза мебарад.

Источник: khovar.tj