Зимистони Муъминобод сарду тӯлонӣ аст. Он омодагии ҷиддии масъулинро ба ин фасл тақозо дорад

0
201

Зимистони Муъминобод сарду тӯлонӣ аст. Он омодагии  ҷиддии масъулинро ба ин фасл  тақозо дорад

МУЪМИНОБОД, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини  ноҳияи кӯҳистони Муъминобод бо мақсади таъмини фаъолияти муътадилу самараноки  соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии  ноҳия  дар фасли зимистон  тадбирҳои муассир меандешанд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия ба ин мавсим омодагии ҷиддӣ гирифта, техникаҳои роҳсозиро таъмир намуда, барои таъмини ҳаракати мунтазами наклиёту пиёдагардон дар рӯзҳои бориши  барфу борон ва  яхбандӣ ба миқдори зарурӣ маводи зиддилағжиш захира кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон мушкилоти асосӣ дар фасли сармо таъмини харакати мунтазами нақлиёт, бехатарии ронандагону мусофирон ва роҳгузарон мебошад.  

 Тавре хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов  иттилоъ медиҳад, имсол дар рӯзи бориши  барфи аввал сокинони ноҳия ва воситаҳои наклиёт ба мушкилӣ дучор нагаштанд. Дар ин рӯз кормандони масъул роҳҳоро сари вақт аз барф  тоза намуда, дар онҳо  маводи зиддилағжиш  пошиданд.

Тибқи иттилои сардори МДНРА ноҳия Бобоёр Бобоёрзода, муассисаи мазкур  барои муътадил  гузаронидани  фасли  зимистон ба миқдори зарурӣ сӯзишворӣ, қум, намак  ва  дигар  маводи  зидилағжиш захира намуда, барои тоза намудани роҳҳои мошингард аз барф техникаҳои муосирро   сафарбар кардаанд.

Масъулини соҳаи маориф низ барои барои гарм  нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ дар фасли   зимистон  ба микдори зарурӣ  маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум захира  намудаанд.

Дар муассисаи таълимии №6, ки дорои шабакаи мустақими гармидиҳанда мебошад, 16 м3 ҳезум ва 31 тонна ангишт захира  шудааст. Айни замон  ҳарорат  дар синфхонаҳои мактаб  муътадил мебошад. Ба гуфти омӯзгорон, агар солҳои пеш дар фасли сармо  баъзе хонандагон аз сабаби  хунук будани синфхонаҳо  дар  дарсҳо  иштирок намекарданд, имсол чунин ҳолат ба назар намерасад. Имсол давомоти хонандагон дар ин мактаб 98 фоиз таъмин аст.

Мутассифона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и ноҳия дар таъмини гармӣ мушкилӣ вуҷуд дорад. Синфхонаҳои ин мактаб бисёр  хунуканд, ки барои гузаронидани  дарсҳо мусоид нестанд.

Тавре роҳбарияти муаасисаи мазкур иброз доштанд, мактаби онҳо  ба воситаи таҷҳизоти барқӣ гарм карда мешавад. Бо вуҷуди он, ки  дар ҳамаи синфхонаҳои мактаб  ин таҷҳизот  муҳайё  мебошад,  вале  аз сабаби қатъ гардидани нерӯи барқ онҳо ба ин мушкилӣ дучор гардидаанд.  Маълум гардид, ки чанд рӯз пеш дар трансформаторе, ки интиқоли барқро ба ин мактаб танзим менамуд,  садама рух додааасту  аз ҳамин сабаб онҳо натавонистанд синфхонаҳоро гарм созанд. Мушкили  дигари чор муассисаи таълимии ноҳия ҳам ин аст, ки синфхонаҳои онҳо низ  ба воситаи таҷҳизоти барқӣ  гарм карда мешаванд.

Ин агар як тарафи масъала бошад,  мушкилоти дигари ин муассисаҳои таълимӣ  сари вақт пардохт  карда натавонистани  маблағи барқи истифодашуда   мебошад.

Ба гуфти  масъулини Идораи фурӯши барқи ноҳия, ин муассисаҳо аз 14 то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пардохти маблағи барқ қарздор мебошанд.

«Новобаста ба ин,  интиқоли барқ ба  ин муассисаҳои таълимӣ  қатъ нагардидааст. Вале роҳбарияти ин  муассисаҳо  набояд дар пардохти маблағи барқ саҳлангорӣ намоянд»,- мегӯяд масъулини ин идора.

Зимистон дар ноҳияи Муъминобод сарду тӯлонӣ аст ва масъулонро мебояд барои ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ намоянд.

Источник: khovar.tj