«Занон ва интихобот» — таҳти ин унвон дар Конибодом ҳамоиш доир гардид

0
65

«Занон ва интихобот» — таҳти ин унвон дар Конибодом ҳамоиш доир гардид

КОНИБОДОМ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд: «Ба шумо — шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед».

Ин матлаб 25 феврал зимни  ҳамоише, ки  таҳти унвони «Занон ва интихобот» дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом баргузор шуд, баён гардид.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи дарпешистода, тарғиби ғояҳои созанда ва амалӣ намудани барномаи Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 баргузор шуд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши суғдии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо иштироки васеи занони фаъол, ходимони ҳизбию давлатӣ, кормандони шуьбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, инчунин номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ ва аввалин овоздиҳандагон доир гардид.

Иштирокчиёни мулоқот доир ба самтҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии  вакилон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни вакилони собиқадору ҷавон ҷиҳати амалишавии ин барномаҳои пешазинтихоботии вакилон, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони мамлакат ва ҳамчунин рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона гардидаанд, табодули назар намуданд.

Источник: khovar.tj