ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории COVID- 19 таъсис дода шуд

0
81

ЗАНГ БИЗАН! Дар шаҳри Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории COVID- 19 таъсис дода шуд

ТУРСУНЗОДА, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуд. Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд.  Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд.

Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) инчунин ба сокинон   чиҳати дарёфти  табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад.  Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли башар ба масъалаи пешгирии пандемияи COVID-19 равона шудааст. Олимон дар пайи ҷустуҷӯи ваксина, табибон аз пайи муолиҷаи маризон, саховатпешагон мададгори ниёзмандон буда, дар маҷмӯъ, тамоми неруи некандеш  дар ҳамкорӣ алайҳи  пандемияи COVID-19 мубориза мебаранд.

Источник: khovar.tj