«Зан олиҳаи меҳр»-таҳти ин унвон дар Кумитаи занон ҳамоиш доир шуд

0
172

«Зан олиҳаи меҳр»-таҳти ин унвон  дар Кумитаи занон ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зан олиҳаи меҳр» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони кумитаи мазкур, занони фаъоли вазорату идораҳо, собиқадорони меҳнат ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки «Зан –Модар туҳфаи беҳтарин ва боарзиштарин барои ҳар фарди ҷомеа буда, оғуши ӯ биҳиштосову вуҷуди ӯ шариф, ҷасораташ нотакрору суханаш садоқатангез аст».

Ба андешаи собиқадори меҳнат Бозгул Додхудоева, «занҳои  тоҷикро қаҳрамон ҳисобидан мумкин аст, зеро тавре ҳамагон огоҳӣ доранд,  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум давраи ҳассосро пушти сар карда буд. Он замон занҳои тоҷик тавонистанд бо садоқатмандию ҷасорат худро чун ёридиҳандагони Пешвои миллат нишон дода, барои таъмини сулҳу оромии давлати хеш саҳми арзанда гузоранд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойгоҳе расидааст, ки ҳамаи сокинонаш бо он ифтихор мекунанд».

Бояд гуфт, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бонувону модарони мамлакат бо қадамҳои устувори хеш ҳам дар арсаи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ба як зумра дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар охири ҳамоиш иштирокунандагон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Источник: khovar.tj