«ЗАҲМАТИ ТАБИБОНРО НОДИДА НАГИРЕД!». Чунин муроҷиат намудааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба аҳли ҷомеа

0
64

«ЗАҲМАТИ ТАБИБОНРО НОДИДА НАГИРЕД!». Чунин муроҷиат намудааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба аҳли ҷомеа

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори Беморхонаи шаҳрии № 1-и Душанбе  Хуршед Рустамзода зимни суҳбати телефонӣ иброз доштааст, ки «то имрӯз муассисаи тиббии мазкур 319 нафарро ба гумони  сироят ба  бемории илтиҳоби шуш қабул намудааст, ки 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд. Дирӯз 107 нафар пас аз табобати пурра ба ҳаёти рӯзмарраву осоиштаи худ баргаштанд ва боз 30 нафари дигар ба рухсатёбӣ омодагӣ мегиранд. Боиси таассуф аст, ки  дар ин гирудор 11 нафар талаф ёфтаву айни ҳол 8 нафар беморон дар шуъбаи эҳё қарор доранд.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вақтҳои охир новобаста ба талошҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии коронавирус  ашхоси муттааннид мақомоти марбутаро ба бесалоҳиятӣ ва аз тасмими саривақтӣ ва муассир кор нагирифтан айбдор мешуморанд. Онҳо  санги дар бағал доштаашонро ба сӯи онҳое, ки ҷон дар кафи даст бе танаффус, ба таври шабонарӯзӣ дур аз аҳли оилаву азизонашон пайи солимиву табобати шаҳрвандон талош доранд, афканда истодаанд. Ҳол он ки ҳанӯз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид. Ниҳоди мазкур аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии мамлакат назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд.

Бешак, дар хатти пеши мубориза бо ин вабои аср дар ҳама  зовияҳои олам табибон қарор доштанду доранд ва табиист, дар чунин ҳолатҳо албатта, маҳз онҳо бештар байни ҳаёту мамот  талош хоҳанд намуд. Омори СУТ гувоҳи ҳол аст, ки дар мубориза бо Covid-19 дар саросари ҷаҳон кормандони соҳаи тиб сирояти бештар ёфтаанду талафоти зиёдтар доштаанд. Дар баробари ин, ҳазорҳо нафар духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва дар умум, кормандони беморхонаҳо ҳар лаҳза ба ин вирус мубтало гардидаю шумораи қурбониён аз ҳисоби кормандони тиб меафзояд.

Чаро ин сарборӣ маҳз бори дӯши табибон гардидааст? Посух хеле сода ва ба чашми ибратбин аён аст: маҳз дар маркази вабову бало онҳо қарор доранд. Аз ин рӯ, табиист, кормандони тиб бо беморон дар алоқаи бевосита қарор доранд ва биноан, онҳо на танҳо аз ин алоқамандӣ сироят меёбанд, балки вирусро ба миқдори хеле зиёд ба ҷисми худ қабул менамоянд.

Бо назардошти чунин сарсупурдагиҳову азхудгузариҳо ба беамалӣ муттаҳам намудани табибон, бешак, ниҳояти беинсофӣ ва беимониву бевиҷдонӣ хоҳад буд.

Тибқи омори созмонҳои соҳавию гурӯҳҳои коршиносӣ, то имрӯз дар беш аз дусад давлати ҷаҳон беш аз се миллион сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаву аз ин миён 200 000 нафар фавтидаанд, ки сеяк ҳисса аз ин шумораи умумиро табибон ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳолати мавҷуда дар канор нест.  Тавре маълум аст, вақтҳои охир бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  дар мамлакат авҷ гирифта истодааст. Вобаста ба ҳолати пешомада аз ҷониби Вазорат ба кулли кормандони тиб дастур дода шудааст, ки ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (БШРН) ва зуком пурра таҳти назорат (карантин) қарор дода шуда, зимни дарёфти ҳолатҳои илтиҳоби шуш ва роҳҳои нафас фавран ба табобати зиддивирусию зиддибактериявӣ фаро гирифта шаванд. Ин аст, ки табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони табобатхонаҳои мамлакат дар мубориза бо ин бемориҳо дар сафи аввали мубориза қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорат то имрӯз ба Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест ворид шудааст, ки 23 ҳазорашро аз Россия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Германия гирифтааст. То имрӯз дар ин озмоишгоҳ 4100 адад тест мавриди истифода қарор дода шуда, 800-тои он такроран анҷом дода шудааст.

Ба қавли муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода, зимни натиҷагирӣ барои гузоштани ташхиси бемор аз ҷониби табибон илова ба таҳлили лабораторӣ барои дарёфти сирояти коронавирус, инчунин бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмония доранд. Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам ба инобат гирифта мешаванд.

Ба иттилои мавсуф, ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ озмуда шуда, дорои сертификати сифат мебошанд.

Источник: khovar.tj