Усмонзода хостори эълони ҳолати фавқулода дар Тоҷикистон шуд

0
153

Усмонзода хостори эълони ҳолати фавқулода дар Тоҷикистон шуд

Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва намояндаи ба вируси корона мубтало шудаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон хостори эъломи ҳолати фавқулода ва карантини умумӣ дар Тоҷикистон шудааст, гузориш медиҳад “Парс тудэй”.

Бино бар иттилои манбаъ, вай бо зери савол бурдани омори вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи мубталоёни вируси корона дар Тоҷикистонгуфтааст, ки аз наздикони худи ӯ чанд тан ба коронавирус гирифтор шуданд.

Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад.

Саидҷаъфар Усмонзода мегуяд, ки дар ибтидо бемории вайро зуком ташхис доданд ва баъдан маълум шуд, ки корона доштааст.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин хостори тағйири раёсат ва масъулони Ситоди мубориза бо вируси корона дар Тоҷикистон шудааст.

Источник: sputnik-tj.com