Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ: аз таъсири нурҳои ултрабунафш дурӣ ҷӯед!

0
113

Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ: аз таъсири нурҳои ултрабунафш дурӣ ҷӯед!

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  6-7 июн бо сабаби боқӣ мондани вазъи баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли ба вуҷуд омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

5-7 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид. Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

Источник: khovar.tj