Ҳукуматдорони Чин аз пастшавии устувори ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз вируси нав хабар доданд

0
143

Ҳукуматдорони Чин аз пастшавии устувори ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз вируси нав хабар доданд

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи тасдиқшудаи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар Чин  давоми ду ҳафта рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе намояндаи Кумитаи давлатии тандурустии Чин Ми Фэн хабар дод.

«Ба ҳолати 17 феврал шумораи тасдиқгардидаи ҳолатҳои сироятёбӣ давоми 14 рӯз кам гардидааст», — иқтибос овардааст суханони намояндаи Кумитаи мазкурро портали  «Сина кэсзи».

Ба гуфтаи Ми Фэн, 17 феврал се нишондиҳандаи муҳим ба қайд гирифта шуданд. Яъне назар ба авҷи паҳншавии коронавирус аввалин маротиба нишондиҳандаи нави ҳолати сироятёбӣ дар як рӯз ба камтар аз 2 ҳазор расид. Ҳолатҳои тасдиқшуда ба истиснои Ҳубей (макони паҳншавии вируси нав) дар як рӯз камтар аз 100 адад шуда, ҳолатҳои фавт дар як рӯз ба 100 адад нарасид.

Источник: khovar.tj