Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири муҳити зист ва захираҳои табиии Озарбойҷон

0
195

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон  бо Вазири муҳити зист ва захираҳои табиии Озарбойҷон

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Боку Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири  муҳити зист ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтор Бобоев мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, пешгирии пайомадҳои вобаста ба тағйироти иқлимро баррасӣ намуданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj