Вохӯрӣ бо ятимони кулли вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

0
118

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар дар тарабхонаи “Малика” бо 200 нафар ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахш вохӯрӣ карда, ба онҳо тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Тӯҳфаҳои Сарвари давлат аз сару либос, шириниҳо, 5 намуд китоби бадеӣ ва кумакҳои пулӣ иборат буд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар ятим мондаанд, инчунин дар бораи дастгириҳои дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо садҳо нафар ба ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли таҳсили 2020-2021 8146 нафар, аз ин 2526 нафараш духтар, таълимгиранда, аз ҷумла 1653 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 нафар ятими кулл, 1384 нафар  бепадар, 343 нафар бемодар ба таълиму тарбия ва ғамхории Пешвои миллат фаро гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 1 мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, буда, дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмӯъ, 2585 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятими кулл, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин кӯдкон зери ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамеша Сарвари давлат аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таҳсилашон бохабар ҳастанд.

Вохӯрии имрӯзаи Президенти мамлакат низ идомаи мантиқии тадбирҳои башардӯстонаи сиёсати иҷтимоию инсонпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Источник: president.tj