ВМКБ: ба деҳқонон дар шудгори замин ва ҷамъоварии ҳосил кумак мерасонанд

0
81

ВМКБ: ба деҳқонон дар шудгори замин ва  ҷамъоварии ҳосил кумак  мерасонанд

ХОРУҒ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Маркази хизматрасонии техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ин навбат бо 6 адад техникаи соҳаи  кишоварзӣ таъмин намуд. Бо мусоидати маркази мазкур   заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  наздиҳавлигии  сокинони деҳоти вилоят  бо сифати баланд ва сари вақт шудгор мегардад. Ҳамчунин   бо истифода аз техникаҳои гуногуни кишоварзӣ  онҳо заминро нарм намуда, картошка мешинонад ва дар фасли тирамоҳ онро ҷамъоварӣ  мекунанд. Маркази хизматрасонии техникӣ бо воситаи комбайн ҳамчунин алаф ва ғаллаи деҳқононро ҷамъоварӣ намуда, меҳнати онҳоро боз ҳам осон мегардонад.

Тавре сардори Маркази хизматрасонии техникии КВД   «Тоҷикагролизинг» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зокир Қурбонҷонов ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «Марказ  тирамоҳи соли гузашта бо дастгирии молиявии КВД  «Тоҷикагролизинг»  ба бунёди бинои дуошёна, анбори нигоҳдории  мошинолот ва маркази таъмири техникаи кишоварзӣ оғоз намуда, дар ояндаи наздик онҳоро  мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад».

Айни замон  маркази мазкур  дар ихтиёри худ 40 трактор, ду комбайн, 24 гандумдаравак, 16 алафдаравак,  44 плуг,  6 картошкашинонак, як эксватор, ду кулухзанак ва 3 боркунаки фронталӣ дорад.  Дар чанд соли охир базаи техникии Маркази хизматронии вилоят мукаммал гардида, аксарияти корҳои саҳроӣ, кишту кор дар деҳоти вилоят маҳз бар зиммаи он  гузошта шудааст.

Источник: khovar.tj