Владимир Норов ба муносибати 19-умин солгарди таъсисёбии СҲШ конфронси матбуотӣ доир намуд

0
85

Владимир Норов ба муносибати 19-умин солгарди таъсисёбии СҲШ конфронси матбуотӣ доир намуд

ДУШАНБЕ, 13.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар бинои Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекин конфронси матбуотии Котиби генералии Созмон Владимир Норов ба муносибати 19-умин солгарди таъсисёбии СҲШ ва ҳисоботи солонаи фаъолияти Созмон аз замони баргузории Саммити Бишкек (2019) ин ҷониб доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Чин хабар медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ, ки дар он намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар назди Котиботи Созмон, дипломатҳои масъули сафоратхонаҳои кишварҳои аъзои СҲШ, нозирон ва шарикони гуфтугӯ ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок доштанд, Владимир Норов оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Созмон ва корҳои басомонрасондаи он дар самти рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла муборизаи дастаҷамъона бар зиддии COVID-19 дар доираи Созмон, ҳисобот дод.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли равон давраи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (солҳои 2020-2021) оғоз хоҳад шуд, ки он ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ рост хоҳад омад.

Акс аз СҲШ

Источник: khovar.tj