ВКД дар пайи баррасии навор сокини Хуҷандро барои латукӯби писари ноболиғаш боздошт кард

0
161

ВКД дар пайи баррасии навор сокини Хуҷандро барои латукӯби писари ноболиғаш боздошт кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи навори латукӯби фарзанд, ки дар интернет нашр шуд як сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар саҳифаи нашр кардааст, Иномзода Фирдавси 34 сола аз суи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғи хурд боздошт гардид.

Ёдовар мешавем, имрӯз дар шабакаи интернети як навор, ки дар он латукӯби кӯдаки ноболиғ пайдо шуд, ки марди номаълум фарзанди худро берахмона лату куб мекард, мавриди пайгирии фаврии командони Вазорати корҳои дохила қарор гирифтааст.

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сокини шаҳри Хуҷанд Иномзода Фирдав Аббос, соли таваллудаш 26.11.1986, ки қаблан бо моддаи 281 КЧ ЧТ маҳкум шуда аст, боздошт шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса, айни замон кормандони милитсияи вилояти Суғд тафтишот мебаранд.

Источник: sputnik-tj.com