Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шуданд

0
112

Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шуданд

Вирусшиносони ботаҷрибаи Ӯзбекистон ба табибони тоҷик дар ташкили дурусти пешгирӣ, назорат ва табобати беморони гирифтори COVID-19 кӯмак мерасонанд

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Ҳашт вирусшинос ва эпидемиологҳои Ӯзбекистон, ки дар мубориза бо коронавирус таҷриба доранд, барои кӯмак ба ҳамкасбони тоҷикашон  ба Душанбе омаданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, гурӯҳи кормандони тиб аз духтурони ботаҷриба иборат буда, миёни онҳо реаниматсионист,  анестезиологҳо,  пулмонологҳо, эпидемиологҳо, мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва вирусшиносон мебошанд.Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шудандМинистерство здравоохранения УзбекистанаГруппа узбекских врачей отправилась в Таджикистан, чтобы помочь в борьбе с коронавирусной инфекцией

Сафари онҳо бахше аз кумакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон аст, ки ҳадафи он мубориза бо паҳншавии сирояти бемории коронавирус аст.

Дар назар аст, ки табибони ӯзбек ба ҳамкасбони тоҷикашон дар ташкили дурусти пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, инчунин назорати беморони гирифтори коронавирусро муқаррар мекунанд ва табобати дурустро барои онҳо муаян мекунанд.

Мутахассисон аз ҷониби Ӯзбекистон бо ҳавопаймои ҳарбии Вазорати дифои кишвар омадаанд.

Вирусшиносони ӯзбек барои мубориза бо COVID-19 вориди Душанбе шудандМинистерство здравоохранения УзбекистанаГруппа узбекских врачей отправилась в Таджикистан, чтобы помочь в борьбе с коронавирусной инфекцией

Ёдрас мешавем, ки санаи 5 май президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев телефонӣ дар бораи паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақа гуфтугӯ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар мубориза алайҳи COVID-19 якҷоя кор кунанд.

Источник: sputnik-tj.com