ВЕРА БРЕЖНЕВА БА ДУШАНБЕ ОМАД. Сафири некиродаи ЮНЭЙДС дар ифтитоҳи Форум бахшида ба мушкилоти марбут ба ВНМО/ БПНМ иштирок кард

0
238

ВЕРА БРЕЖНЕВА БА ДУШАНБЕ ОМАД. Сафири некиродаи ЮНЭЙДС дар ифтитоҳи Форум бахшида ба мушкилоти марбут ба ВНМО/ БПНМ иштирок кард

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи миллӣ бахшида ба мушкилоти сирояти ВНМО ва маъракаи ҷаҳонии «16 рӯз бар зидди хушунат» баргузор шуд. Маросими ифтитоҳи форум 1 декабр – дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО, ки аз соли 1988 инҷониб таҷлил мешавад, доир гардид.

Форуми мазкур таҳти шиори «Аз ташкили шабака ба эътилоф: Пешсафӣ — Масъулият – Амал» гузаронида шуда, ба масъалаҳои иштироки фаъоли ҷавонон, занон ва духтарон дар ҳалли мушкилоти ВНМО бахшида шуда буд.

«Мо имрӯз дар бораи ҳуқуқ ва имкониятҳои занони гирифтори ВНМО дар минтақаамон суҳбат мекунем. Дар Тоҷикистон шабакаи занони гирифтори ВНМО, волонтёрон, фаъолоне, ки дар ин самт кор мекунанд, мавҷуд аст. Ин барои мо имкони бузургест барои дарёфт кардани роҳи ҳалли мушкилот. На танҳо дар мамлакати мо, балки дар тамоми минтақа», — гуфт ташкилкунандаи форум Наргис Азизова.

Дар форум зиёда аз 120 нафар намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Сафири некиродаи Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО ва БПНМ (ЮНЭЙДС) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ҳунарманди маъруфи Россия, овозхон ва барандаи телевизион Вера Брежнева иштирок намуданд. Ӯ 4 декабр ба Душанбе омада буд.

«Ман ба Душанбе барои дастгирӣ ва мубодилаи гармӣ омадам ва онҳое, ки гирифтори ВНМО/БПНМ ҳастанд, дар хотир дошта бошанд, ки онҳо танҳо нестанд ва дастгирӣ доранд. Ва агар ин одамон мехоҳанд бо ман паси дарҳои баста мулоқот кунанд, ман омодаам ин корро анҷом бидиҳам», — гуфт Вера Брежнева дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ.

ВЕРА БРЕЖНЕВА БА ДУШАНБЕ ОМАД. Сафири некиродаи ЮНЭЙДС дар ифтитоҳи Форум бахшида ба мушкилоти марбут ба ВНМО/ БПНМ иштирок кард

Брежнева зикр кард, ки ӯро дар Душанбе бисёр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд ва таассуроти хуб гирифтааст.

Вера Брежнева моҳи ноябри соли 2014 сафири минтақавии некиродаи ЮНЭЙДС таъйин шуд. Ӯ бо истифода аз маъруфияти зиёди худ дар тамоми кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оид ба масъалаҳои марбут ба занон ва кӯдакони гирифтори ВНМО мусоидлт мекунад. Вера дер боз ба фаъолияти башардӯстона ва хайрхоҳона машғул аст ва ба масоили саломатии мардум таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ӯ директори бунёди хайрия мебошад, ки таҷҳизоти тиббиро ба дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо мерасонад.

Аз лаҳзаи таъйин шуданаш Брежнева таваҷҷуҳро ба сирояти ВНМО дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ фаъолона ҷалб мекунад. Вера ба як зумра давлатҳои минтақа ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва одамони гирифтори ВНМО мулоқот кардааст ва ҳамчунин дар ҳаёти занон, кӯдакон ва ҷавонони аз паҳншавии ВНМО сироятёфта иштироки махсус намудааст. Илова бар ин, Брежнева дар як қатор маъракаҳои иттилоотӣ ва ташаббусҳо дар воситаҳои  ахбори иҷтимоӣ иштирок мекунад ва инчунин дар матбуот аз рӯи мавзӯи сирояти ВНМО мусоҳибаҳо медиҳад.

«Ман тасмим дорам, ки ҳаёти занону духтарони гирифтори ВНМО-ро дар ин минтақа тағйир диҳам. Ман бо бисёре аз онҳо суҳбат кардам — онҳо занони зебо ва қавӣ ҳастанд, аммо онҳо бо мушкилот, аз ҷумла табъиз аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ва ҳатто оилаҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд», — гуфт Вера Брежнева.

Вера Брежнева ЮНЭЙДС ва минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк, аз ҷумла дар чорабинии «Ҳар як зан, ҳар як кӯдак», ки аз ҷониби Дабири кулли СММ дар ҷаласаи 59-уми Комиссия оид ба вазъи занон ташкил карда шуда буд, намояндагӣ кардааст. Ӯ ба иштирокчиён зарурати идома додани корро барои бо сирояти ВНМО таваллуд нашудани ҳеҷ як кӯдак ёдовар шуда, даъват намуд, ки монеаҳое, ки дастрасии занонро ба хизматрасониҳои асосии ҷинсӣ ва репродуктивӣ маҳдуд мекунанд, бартараф карда шаванд.

Қобили тазаккур аст, ки соли 2012 сафири некиродаи ЮНЭЙДС собиқ Зебосанами ҷаҳон, ҳунарпешаи Болливуд Айшвария Рай Баччан гардида буд.

ЮНЭЙДС унвони сафири некиродаро ба тарҳсоз Кеннет Коул низ дода буд. Дар ин симат боз бисёр одамони машҳур низ ҳастанд. Дар Британияи Кабир мубориза бар зидди БПНМ-ро Виктория Бекхэм, дар Германия футболбоз Михаэл Баллак ва дар Норвегияву Монако оилаҳои шоҳон – ҳамсари валиаҳд Метте-Марит ва малика Стефания ҷонибдорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) талошҳои 11 ташкилоти СММ, аз қабили Раёсати Комиссари олӣ оид ба гурезагон, ЮНИСЕФ, Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, Барномаи рушд, Бунёди нуфуси аҳолӣ, Раёсат оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, «СММ-Занон», Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират, ЮНЕСКО, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳониро муттаҳид мекунад.

Источник: khovar.tj