Вазорати тандурустии Россия нишонаи муҳимтарини сирояти COVID-19-ро номбар кард

0
115

Вазорати тандурустии Россия нишонаи муҳимтарини сирояти  COVID-19-ро номбар кард

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Табиби муътабари  шуш аз  Вазорати тандурустии Россия Сергей Авдеев  гуфт, ки  нафастангӣ метавонад  аз инкишофи вазнини COVID-19  шаҳодат бидиҳад. Аз  рӯи  гуфтаҳои ӯ хулоса кардан мумкин аст, ки  маҳз  нафастангӣ   нишонаи  муҳими  ташаккули коронавирус шуда метавонад, хабар медиҳад РИА «Новости». 

«Бояд  кас аз ҳолати эҳсоси худ бохабар бошад.  Аломати асосии беморӣ на табларза ва сулфа, балки нафастангӣ мебошад»,-  гуфт ӯ.

Табиб таъкид намуд, ки дар сурати норасоии ҳаво ба духтур муроҷиат намудан зарур  аст.

Дар Россия тӯли як шабонарӯз 6 411 ҳолати сирояти коронавирус  сабт гардида, 1 110 нафар  шифо ёфтаанд ва 72 бемор фавтидаанд.

Ҳамагӣ  дар кишвар 93 558 нафар гирифтори сироят гардида, 867 нафар фавтидаанд ва шифоёфтагон  8 456 нафарро ташкил медиҳанд.

АКС: https://vestirossii.com/

Источник: khovar.tj