ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ: вазъият дар робита ба COVID-19 таҳти назорат аст

0
136

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ: вазъият дар робита ба COVID-19  таҳти назорат аст

ДУШАНБЕ, 12.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дар робита ба коронавируси COVID-19 назоратшаванда арзёбӣ намуданд. Ҳамаи ситодҳо оид ба пешгирии коронавирус дар тамоми сутӯҳ мунтазам ва самарабахш фаъолият доранд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати мазкур.

«Аз ҷониби Ҳукумат ва вазорат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва  минбаъд низ андешида хоҳанд шуд.  Мисли баъзе кишварҳо дар мамлакат норасоии ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ  вуҷуд надорад.  Ҳоло ҳамаи ин лавозимоти муҳофизатӣ асосан дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. Ба ҳамаи беморон ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад, нархи доруҳо танзим карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дезинфексия ба таври густурда роҳандозӣ шудаанд», — илова намуданд дар Вазорат.

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ: вазъият дар робита ба COVID-19  таҳти назорат астТавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси ғайрибастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдак Шералӣ Раҳматуллоев иброз дошт, 90% беморон метавонанд бидуни  истеъмоли дору аз коронавирус шифо ёбанд, қисми зиёди одамон онро дар шакли зукоми мавсимӣ ё ОРВИ мегузаронанд.

Бино ба зикри ӯ, имрӯз миёни аҳолӣ ваҳму  таҳлука мушоҳида намешавад, одамон бо риоя намудани тавсияи табибон зиндагиро идома медиҳанд. «Мардум аллакай хатари паҳншавии коронавирусро дарк кардаанд ва бештари онҳо ниқоб мепӯшанд. Албатта, бо вуҷуди ҳама чораҳои пешгирикунанда, мутаассифона, ҳоло ҳам шаҳрвандони алоҳидае ҳастанд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаро эътироф накардаанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба чунин ашхос идома меёбад. Мардум бояд дарк кунанд, ки агар меъёрҳои санитарӣ ба инобат гирифта нашаванд, беморӣ ба суръат паҳн гашта, аз таҳти  назорат мебарояд», — гуфт мутахассис.

Шералӣ Раҳматуллоев изҳори умед намуд, ки дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳо вазъияти душвор ба амал нахоҳад омад, зеро бо вуҷуди он ки баъзе расонаҳо ҳангома месозанд, ҳама корҳо сари вақт анҷом дода мешаванд. Ёдовар мешавем, ки аз эълони расмии нахустин ҳодисаҳои сирояти шаҳрвандон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 рӯз сипарӣ гашт. То 11 май дар ҷумҳурӣ 661 ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Шумораи беморон ҳамарӯза меафзояд ва ҳолатҳои фавт низ вуҷуд доранд.

Источник: khovar.tj