Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи гирифторшавии шаҳрвандонро ба бемории илтиҳоби шуш баррасӣ кард

0
123

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи  гирифторшавии шаҳрвандонро  ба бемории илтиҳоби шуш баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он ки вақтҳои охир гирифторшавӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба назар мерасад, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки  дар ҳолати дарёфт гардидани беморони мазкур фавран онҳоро ба ташхис ва табобат фаро бигиранд. Ин матлаб  24 апрел зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода тариқи онлайнӣ доир гардида, дар он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба ин нигоҳ накарда, масъулин барои  ҳолати эҳтимолии хуруҷи он ҷиҳати бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта тадбирҳои таъхирнопазир андешидаанд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш (пневмония) диққати махсус зоҳир карда шуд.

Зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда ва ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои он мавриди  татбиқ қарор доранд.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани бемории сироятии мазкур таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус ва таъмин намудани табибон бо либосҳои худмуҳофизатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд»,- омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Источник: khovar.tj