Вазорати саноат ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 кумак кард

0
151

Вазорати саноат ба Вазорати тандурустӣ  барои пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-19 кумак кард

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ   ба  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-19  5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ, 250 дона либосҳои  яккаратаи муҳофизатии тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ  кумак намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

«Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар пайравӣ аз ташаббуси навбатии ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ  аз паҳншавии  коронавирус (COVID-19)  маоши як моҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ мегузаронанд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки вазорати мазкур вобаста ба ҳолати баамаломада  дар ҷумҳурӣ 15 корхонаҳои дӯзандагиро   ба  истеҳсоли ниқоб  ва хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ сафарбар намудааст, ки  «Сифат Саноат», «Гулистони Душанбе»,  «Тоҷтекс», «Ёқут-2000» «Чарм» , «Кота Глобал»,  «Фарм Текс», «Кооператор», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид»,  «Ҷавонӣ»,  «САТН» ,«Фарм Суғд»  ва «Зинат» аз зумраи онҳо мебошанд.

Источник: khovar.tj