Вазорати маориф ва илм 224 китобро дар шакли 3D дар сомонаи расмиаш ҷой дод

0
96

Вазорати маориф ва илм  224 китобро дар шакли 3D дар сомонаи расмиаш ҷой дод

ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ Ховар/.  Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аз шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли 3D 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 ва 58 адади дигарро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд.

Ба ин китобҳо метавон тариқи зерсаҳифаи «Китобҳои элекронӣ дар шакли 3D»-и саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм (www.maorif.tj) низ дастрасӣ пайдо кард.

То ворид карда шудани китобҳои электронӣ дар шакли 3D дар саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм танҳо 225 адад номгӯй китоб дар шакли PDF дастраси истифодабарандагон буд. Бартарии шакли 3D-и китобҳо он аст, ки истифодабарандагон метавонанд ин китобҳоро мисли барномаҳои махсуси дастгоҳҳои андроидӣ дар телефону планшетҳо истифода намоянд.

Ин иқдом дар оянда ҳам идома  ёфта, шумораи китобҳои электронӣ дар сомонаи вазорат дар шакли барномаҳои андроидӣ бештар хоҳанд шуд.

Источник: khovar.tj