Вазорати маориф хабарҳои додани маоши омӯзгорон барои мубоиза бо COVID – 19-ро рад кард

0
83

Вазорати маориф хабарҳои додани маоши омӯзгорон барои мубоиза бо COVID - 19-ро рад кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гардонидани қисме аз маоши омӯзгоронро барои мубориза бо коронавирус бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи ин ниҳод навиштаҳои Аъзамжон Юнусов, як корбари фесбукро, ки  гӯё 40% маоши омӯзгоронро барои мубориза бо КОВИД-19 мегардондаанд ва омӯзгорон аз 40% маош маҳрум мегарданд, рад кар.

Ба гуфти сухангӯи Вазорати маориф, ҳеҷ дастуре нашудааст, ки маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои мубориза бо КОВИД-19 равона шавад ё қисме аз он барои он кор боздошта шавад.

Ба таъкиди Эҳсони Хушбахт, омӯзгорон маоши худро пурра мегиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.

Ӯ мегӯяд, дар сурати он ки аз ҷониби ин ё он ниҳод дастур шавад, ки маоши омӯзгор барои мубориза бо КОВИД-19 гардонида шавад, ба телефони боварии вазорат-227-76-86 тамос гиред.

Номбурда аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми навиштан ва ё занг задан ҳатман бо факту далел муроҷиат намоянд, на оз рӯйи шунидаву овозаҳо.

Источник: sputnik-tj.com