Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти Сергей Лавров ба ВКХ Россия номаи ёддошт ирсол намуд

0
78

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти  Сергей Лавров ба ВКХ Россия  номаи ёддошт  ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки 26 майи соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД вобаста ба вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон зикр шуданд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар робита ба ин масъала 29 майи соли равон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Россия номаи ёддошт ирсол намуд, ки дар он омадааст, масъалаи мазкур мавзӯи баҳс дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД нест.

Таъкид шудааст, ки фаъолият дар соҳаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадоти давлатӣ кори дохилии давлатҳои аъзои СААД мебошад ва танҳо дар асоси дуҷониба сурат мегирад.

Ба ҷониби Россия иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни гуфтушунид оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва топографӣ, ки ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдор такя мекунанд, мунтазам сурат мегирад.

Дар номаи ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон махсус таъкид шудааст, ки ҷалби ҷонибҳои сеюм ба раванди гуфтушунид барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  мувофиқи мақсад ҳисобида намешавад.

Источник: khovar.tj