Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки фавт аз илтиҳоби шуши коронавирус 2,1 фоизро ташкил медиҳад

0
297

Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар дод, ки  фавт  аз  илтиҳоби шуши коронавирус 2,1 фоизро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди фавти  одамон аз бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш коронавируси нав мебошад, дар  Чин 2,1%-ро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба  илитиҳоби шуши ғайримуқаррарӣ  (ТОРС) хеле кам  аст. Ба истиноди АМИТ «Ховар»  ба ТАСС, дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин хабар додааст.

«Бо вуҷуди он ки шумораи гирифторони бемории коронавирус меафзояд,  ҳодисаҳои фавт дар Чин  хеле кам  ба мушоҳида мерасанд- танҳо 2,1% (аз шумораи умумии  беморшудагон),  ки ин нишондиҳанда нисбат ба табларзаи Эбола,  зуҳуроти шадиди роҳи нафас  (ТОРС, ё SARS, маъруф ба илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш) ва ғайра ба маротиб камтар аст»,-иқтибос овардааст суханони ӯро  рӯзи сешанбе сомонаи ВКХ-и Чин.

«Айни ҳол шумораи  шифоёфтагон  мунтазам меафзояд.  Мо ба қобилияти худ дар муқовимат бо эпидемия эътимоди комил дорем»,- илова намуд Хуа Чунин.

Корманди вазорат инчунин иброз дошт, ки кӯшишҳои Чин дар мубориза алайҳи паҳншавии беморӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

Источник: khovar.tj