Вазорати фарҳанг: тамоми сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандон дар оянда назорат мешавад

0
159

Вазорати фарҳанг: тамоми сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандон дар оянда назорат мешавад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, барои танзими фаъолияти сарояндагони мустақил ягон фишанге надорад, аммо нақша дорад дар оянда тамоми сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандонро назорат кунад

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мирзоолим Саидов, раҳбари Раёсати санъати вазорат зимни нишасти солонаи матбуоти ин ниҳод дар посух ба суоли  хабарнигорон оид ба танзими фаъолияти сарояндагони мустақил, ки гоҳо матну оҳангашон аз сатҳи меъёр паст аст, гуфт, ҳоло Вазорати фарҳанг барои танзим ваназорати паҳнсозии фиттаву сабтҳои онҳо ягон фишанге надорад.

Номбурда дар идома гуфт, мо танҳо салоҳият дорем чунин сарояндаҳоро ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳ надиҳем.

Ба гуфти Саидов дар назди раёсати санъати вазорат шӯрои доимамалкунанда фаолият дорад, ки дар он сабти сурудҳо баррасӣ мешавад ва тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ аз назари мутахасисон мегузарад ва барои иштирок дар чорабинаҳои сатҳи баланд иҷоза дода мешавад.

Раҳбари Раёсати санъат гуфт, вазорат чанд сол аст дар самти танзими фаъолияти сафари ҳунарӣ кор кардаистодааст, ки агар чунин қоидаҳое ба тасвиб расад дар он сурат ҳама фаъолияти сафари ҳунарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба танзим дароварда мешавад, ки он ба ҳунрмандони мустақил низ рабт дорад.

Номбурда гуфт, маълумотҳое низ доранд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар сурудҳе паҳн мешаванд, ки аз нигоҳи матн ва мусиқӣ ҷавобгӯ нестанд ва дар оянда агар дастурамал ба тасвиб расад, ҳаммаи ин аз назари муттахасисон мегузарад.

Қаблан Абдураҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи корӣ тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Кумита ва қонун “Дар бораи забон” ҷиҳати ба мо додани ҳуқуқи санҷиш ва таҳлили матни сурудҳо ва забони гуфтори қаҳрамонон дар филмҳо омода карда, ба баррасии ҳукумат фиристод ва дар ҳоли тасдиқ шудани он дурустии матни сурудҳо ва ҳамчунин забони гуфтори қаҳрамонҳои филмҳоро месанҷад.

Источник: sputnik-tj.com