Вазорати фарҳанг костагӣ ва мушкилоти театри тоҷикро баррасӣ кард

0
242

Вазорати фарҳанг костагӣ ва мушкилоти театри тоҷикро баррасӣ кард

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилоти театри тоҷик бо ҳунарпешагон , мунаққидону коргардонҳо ҷаласа баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён барои ҳаллу бапррасӣ намудани костагӣ ва мушкилоти умдаи театри тоҷик бо ҳузури кормандони ин соҳа ҷаласа баргузор намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷаласа мавзӯъҳои мубрами марбут ба фаъолияти театрҳо, аз ҷумла “Мушкилот ва пешомадҳои драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият”, “Ҷустуҷўй ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрўза”, “Андешаҳо перомуни репертуари театрҳои кишвар”, ва инчунин “Драматургия ва мақоми он дар ҷомеа” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа пешниҳод гардид, ки минбаъд байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шавад.

Шомил намудани намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг, таъсиси нашрияи театрӣ, ташкили фестивалҳои байналмилалии театрӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи таклифу пешниҳодҳои дигаре буданд, ки зимни ҷаласа ироа гардиданд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маҷлиси васеи Ҳукумат аз сифати намоишҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ интиқод карда буд.

Источник: sputnik-tj.com