Вазорати фарҳанг: бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус барномаҳои наврӯзӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд

0
125

Вазорати фарҳанг: бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус барномаҳои  наврӯзӣ  дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тадбирҳое, ки аз ҷониби  Ҳукумати мамлакат андешида мешаванд, танҳо бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тавре аз  маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо ҳамин мақсад сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар рӯзҳои  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ширкат дар маъракаи ниҳолшинонию гулшинонӣ бинобар пешгирии сирояти коронавирус бо иштироки доираи маҳдуд гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин барномаҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумораи маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешаванд.

Тибқи дастури  Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон  бахшида ба  Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қатъ карда шуданд.

Источник: khovar.tj