Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19-ро баррасӣ намуданд

0
143

Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19-ро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Дар оғози суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кумакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории намуди нави коронавирус COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни суҳбат таҷрибаи табибони Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони гирифтори  COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷик ҷиҳати табобати гирифторони COVID-19 мебошад.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19, ки имрӯз  саросари оламро фаро гирифтааст,  омодагии хешро иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии худро ба сифати вирусолог барои ташхису табобати COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхису табобати бемории сирояти коронавирус кумаки башардӯстона расонида шуд.

 

АКС аз маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Источник: khovar.tj