Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

0
130

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  8 май бо ибтикори ҷониби Қирғизистон суҳбати телефонӣ байни вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ.

Вазирони корҳои хориҷӣ муноқишаи шоми 8 май дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдодаро баррасӣ карданд.

Зимни сӯҳбат мусоҳибон зарурати ҳамоҳангсозии амалҳоро барои танзими фаврии муноқишаи рухдода таъкид карданд. Онҳо ба тавофуқ омаданд, ки гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии маҳаллӣ ба хотири коҳиш додани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадӣ мақсаднок хоҳад буд.

Вазирон ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои мӯътадил кардани вазъ ва пешгирӣ намудани авҷгирии он дар оянда робитаи доимӣ дошта бошанд.

Источник: khovar.tj